Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алайҳи Юлия Тимошенко парвандаи ҷиноӣ боз карданд


Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украинаро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам карданд. Додситонҳо ӯро ба масрафи нодуруст ва ғайриҳадафмандонаи 280 миллион доллар муттаҳам мекунанд. Ӯ дирӯз дар ҳузури хабарнигорон иттиҳоми додситонҳоро қироат кард ва ин иддаоъоро беасос хонд: “Юлия Тимошенко, ба хотири манфиати шахсӣ амдан ва якҷониба тасмим гирифтааст, маблағҳои ба дастомада аз квотаи фурӯши газҳои гӯлхонаиро барои пӯшиш додани буҷа ва пардохти ҳаққи бознишастагӣ харҷ кунанд.“ Ба Юлия Тимошенко, ки дар аҳди Виктор Юшченко, раиси ҷумҳури ғарбгаро нахуствазир буд, амр додаанд, то замони анҷоми тафтишот шаҳри Киевро тарк накунад.
XS
SM
MD
LG