Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи бародарзодаи Боқиев мавқуф гузошта шуд


Додгоҳе дар шимоли Қирғизистон баррасии шикояти бародарзодаи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқро ба таъхир андохт. Санҷар Боқиевро додгоҳ дар барангехтани ошӯбҳои моҳи май дар шаҳри Ҷалолобод гунаҳкор дониста ва ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин нооромиҳо дасти кам ду нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи додгоҳ, бинобар ҳозир нашудани вакили дифоъи Санҷар Боқиев, баррасси шикояти ӯ ба рӯзи панҷшанбе 23 декабр мавқуф гузошта шуд. Худи Қурмонбек Боқиев баъди барканориаш аз қудрат дар моҳи апрел ба Ҷумҳурии Белорус фирор кард.
XS
SM
MD
LG