Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итминони ҳукумати Амрико аз тасвиби як паймони муҳим


Ҳукумати Амрико мӯътақид аст, ки сенати ин кишвар қабл аз анҷоми кораш дар соли равон, паймони муҳими стротежии коҳиши силоҳҳои атомӣ бо Русияро тасвиб хоҳад кард. Дар ин бора Роберт Гейтс, сухангӯи Кохи Сафед зимни нишасти хабарие сухан гуфт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва вакилони демократ талош доранд, пеш аз омадани ҳайъати нави конгресс, ҳайъати феълӣ, ки дар он аксарият демократҳоянд, паймони СТАРТ бо Русияро тасвиб кунад. Барои тасвиби ин паймон зарур аст, то аз миёни 100 вакили сенат 67 нафари онҳо раъйи мувофиқ бидиҳанд. Русия ба Амрико ҳушдор додааст, ки дар сурати тағйирот дар паймон, аз он даст хоҳад кашид. Баъзе аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико хоҳони ислоҳи паймони коҳиши силоҳҳои атомӣ бо Русия ҳастанд, зеро ба гуфтаи онҳо паймон, ихтиёроти ҳифзи амнияти миллии Амрикоро маҳдуд мекунад.
XS
SM
MD
LG