Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби ялдо – ҷашни фаромӯшшуда


Дилшод Раҳимов, мардумшиноси тоҷик

Дилшод Раҳимов, мардумшиноси тоҷик

Дар Тоҷикистон нафареро пайдо кардан мушкил аст, ки Шаби ялдо, дарозтарин шаби солро, ки ба 22-юми декабр рост меояд, истиқбол бигирад.Шабе, ки дар гузашта аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод ба ҳисоб мерафт ва дар қатори Сада, Меҳргон, Наврӯз ва Чаҳоршанбе сурӣ ҷашн гирифта мешуд.

Дилшод Раҳимов, мардумшиноси тоҷик мегӯяд, Шаби ялдо дар Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст ва мардум аз ин шаб ошноии хубе надоранд.

Дар Тоҷикистон акнун ибораи Шаби ялдоро гоҳ—гоҳе дар шеъри шоирону навиштаи адибон мешавад пайдо кард, ки он ҳам на ба маънии ҷашни Шаби ялдо, балки бештар ба маънии шаби дарозу лаҳзаи фироқ омадааст.

“Иди муқаддас”-и ориёинажодон


Адаш Истад, адиби тоҷик, ки дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, Шаби ялдоро ба зодрӯзи Митро, яъне фариштаи меҳр ё хуршед рабт медиҳад ва мегӯяд, ин шаб барои ориёинажодон шаби муқаддас буд.

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, агарчӣ ин ҷашн солҳост, ки барои мардуми тоҷик “мурда” аст, вале мардуми Эрон ҳанӯз ҳам ин шабро мисли ҷашнҳои дигари бостон гиромӣ медоранд.
Вай мегӯяд, дар ин шаб мардуми Эрон гирди як дастархон ҷамъ омада, хушҳолӣ мекунанд. Дастархоне, ки пур аз меваву хӯрданиҳост ва тарбуз ё ҳиндувона низ дорад.

Шаби пора кардани тарбуз

Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик, мегӯяд, ҳануз ҳам баъзе анъанаҳои Шаби ялдо миёни кишоварзони тоҷик боқӣ мондааст
Пора кардани тарбуз ва он ҳам дар шаби ялдо барои мардуми тоҷик, бахусус, мардуми кишоварз бегона набудааст.

Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик мегӯяд, ҳанӯз ҳам анъанаи нигоҳдорӣ ва пора кардани тарбуз дар шаби ялдо дар миёни мардуми кишоварз расм аст, вале худи онҳо намедонанд, ки барои чӣ дар ин шаб тарбуз пора мекунанд.

Бо ин ҳол, Дориюши Раҷабиён мегӯяд, эрониён дар ҳар куҷои дунё, ки ҳастанд, талош мекунанд, то ин шабро ба қадри тавони худ гиромӣ доранд.

Худи ӯ низ мегӯяд, ин шаби дарозтаринро бо дӯстонаш истиқбол мегиранд ва дар он шаб Ҳофиз мехонанду фолгирӣ мекунанд.

Ҷомаи исломии ҷашни куҳан

Таҷлили Шаби ялдо дар Эрони исломӣ, ки аз таваллуди Митро об мехӯрад ва мероси ориёнажодон аст, барои аксарият дар Тоҷикистон аҷиб менамояд.

Дилшод Раҳимов мегӯяд, бо вуҷуди ин ки ҷашн аз Митрост, вале эрониён бо омадани ислом ба сарзаминашон ба он андаке рангу бӯйи исломӣ додаанд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло эрониён дар шаби ялдо намоз мегузоранд ва қироати Қуръон ҳам мекунанд, ки аз як сӯ ҳусни ҷашнро накоҳондааст ва аз сӯйи дигар ин ҷашнро ҳифз кардааст.

Аммо Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди ислом, дар як нома ба мо навиштааст, ки “Таҷлили ин шаб, фарҳангест мардумӣ ва иртиботе бо дин надорад ва дин ҳам бо он зиддияте надорад. Чаро ки шариат бо одоту русуми урфӣ, модоме ки дар онҳо аъмоли зиддидинӣ анҷом нашавад, мухолиф нест.”

"Шаби Ялдо" ё "Шаби Чилла"?

Ҳоло дар Хуросон "Шаби Ялдо"-ро бо номи "Шаби Чилла" ҷашн мегиранд ва мардуми Тоҷикистон низ ҷашнвораро бо ин ном бештар вохӯрдаанд.

Яъне ҳоло дар миёни мардуми Тоҷикистони чиллаи калону чиллаи хурдро медонанд, вале аслан намедонанд, ки ин ба кадом ҷашн иртибот мегирад.

Аз тарафи дигар, пажӯҳишгарони тоҷик шаби ялдоро бо ҷашни Милоди Масеҳ муртабит мехонанд.

Ялдо ва Милоди Масеҳ

Дилшод Раҳимов, мардумшиноси тоҷик мегӯяд, то қарни чори мелодӣ дар кишварҳои аврупоӣ дини митроизм ва ё меҳрпарастӣ роиҷ буд ва дар баробари митроизм масеҳият низ ба Аврупо омада буд ва ҳарду бо ҳам рақобат доштанд.

Оқои Раҳимов мегӯяд, ҷашни исои Масеҳ он вақт рӯзи шашуми январ таҷлил мешуд ва ҷашни шаби ялдо, ки дар аввал рӯзи 22-юми декабр буд ба 25-уми декабр гузаронида шуд.

Оқои Раҳимов мегӯяд, ҷашни шаби ялдо аз эҳтироми хос бархӯрдор буд ва масеҳиён барои он ки нуфузи ин идро коҳиш бидиҳанд, ҷашни милоди Масеҳро ба 25 декабр гузарониданд.

Дар Тоҷикистон баъзе аз фирқаҳои масеҳият низ ҷашни милоди Масеҳро дар рӯзи 25-уми декабр таҷлил мекунанд, агарчӣ православҳо бовар доранд, ки милоди масеҳ шашуми январ аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG