Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенка: Дар Беларус ягон навъ инқилоб нахоҳад шуд


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка имрӯз дар пайи саркӯбии эътирозҳои шаби гузашта алайҳи пирӯзии ӯ дар интихобот ҳушдор дод, ки дар Беларус “ягон навъ инқилоб” нахоҳад шуд. Лукашенка ин эътирозҳоро “авбошӣ” номид.
Шаби гузашта даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз ба тақаллуби густардаи натоиҷи интихобот ба маркази Минск рехтанд. Вале пулис бо истифода аз зӯр тазоҳуротро пароканда сохта ва садҳо эътирозгар, бо шумули 7 тан аз номзадҳои мухолифинро боздошт кард. Бо ин ҳол, Тонӣ Ллойд, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА имрӯз аз интихоботи Беларус ва шеваи саркӯбии тазоҳуроти шаби гузашта интиқод кард: “Интихобот натавонист оғози нави лозим барои Беларус шавад. Ҷараёни шумориши оро шаффофияти кофӣ надошт. Дар асл, мардуми Беларус шоистаи ҳаққи бештаре мебошанд.”
Куммиссиюни марказии интихоботи Беларус гуфт, дар интихоботи дирӯза бо касби қариб 80 дарсади оро раисиҷумҳури кунунӣ Лукашенка баранда шудааст.
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кэтрин Эштон саркӯбии тазоҳуроти шаби гузашта дар Минскро танқид ва ба раҳоии эътирозгарон даъват кард. Аммо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ин интихоботро “умури дохилӣ”-и Беларус хонда, аз ҳар навъ ташреҳи дигар худдорӣ варзидааст.
XS
SM
MD
LG