Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони як фаъоли қазоқ


Як фаъоли қазоқ бо ҷурми ташкили эътироз алайҳи мақомоти шаҳрдории Алма-Ато ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи маъмурии Алма-Ато Есенбек Октешбоевро дар ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар таърихи 16 декабр муҷрим шинохт.
Октешбоев, раҳбари Ҷунбиши манзил барои мардум, дар шумори даҳҳо нафаре буд, ки дар рӯбарӯи бинои шаҳрдории Алма-Ато эътироз карда, номаеро бо талаби истеъфои ноиби шаҳрдор Серик Саидумонов ба мақомот супурданд.
Ӯву тарафдоронаш Саидумоновро масъули мушкилоте медонанд, ки боиси дар сохтмонҳои ҷадиди мунҷамидшудаи Алма-Ато гум шудани пасандозҳои мардум шудааст.
Октешбоевро рӯзи якшанбе барои бозпурсӣ даъват карда, билофосила ба 15 рӯзи зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG