Пайвандҳои дастрасӣ

Айбномаи расмӣ алайҳи Юлия Тимошенко


Додситони кулли Украина гуфт, сарвазири собиқи ин кишвар Юлия Тимошенко расман ба сӯъиистифода аз мақом айбдор шудааст. Додситонӣ қаблан хабар дода буд, ки хонум Тимошенко ба сӯъиистифодаи маболиғе, ки аз ҳисоби фурӯши ҳаққи Украина ба партоби газҳои гулхонаӣ ба даст омада буд, гумонбар шудааст. Худи Тимошенко ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Тимошенко дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Украина аз Виктор Янукович шикаст хӯрд ва феълан раҳбари бузургтарин фирқаи мухолифин дар парлумони ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG