Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои расида аз Афғонистон, маҳбусони фирории боздоштшуда дар хоки ин кишвар имрӯз аз вилояти Тахор ба шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон интиқол ёфтанд.

Даён Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилоятҳои Тахор ва Бадахшон бо таъйиди ин хабар гуфт, 8 нафареро, ки қаблан дар ҷангале дар деҳаи Дарқад боздошт шуданд, кормандони интизомӣ ба Кобул интиқол доданд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Афғонистон, неруҳои пулис ва амниятии ин кишвар рӯзи 18 декабр дар деҳаи Дарқади улусволии Тахор як гурӯҳи 8 нафариро боздошт карданд, ки ҳафт нафари онҳо маҳбусони фирорӣ аз зиндони Кумитаи амнияти Тоҷикистон ҳастанд.

Кумитаи амнияти Тоҷикистон бар ин аст, ки дар миёни боздоштшудагон, сокинони Тоҷикистон, Баҳром Орифҷонов ва Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба «Кӯри Малиш» низ ҳастанд. Ҳикмат Азизов, бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони собиқи мухолифони давлат, ки дар ҳаводиси тобистони соли гузашта дар Тавилдара, кушта шудааст, мебошад.

Ба таъкиди масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин гурӯҳ масъули ҳамла дар ноҳияи Балҷувон дар шоми 1 декабр будааст, ки дар пайи он се нафар масъулони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ин минтақа кушта ва ду тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Музокирот дар бораи истирдоди фирориён

Тибқи хабари ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, ду рӯз боз гуфтушуниди ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ва Афғонистон барои истирдоди маҳбусони боздоштшуда ҷараён дорад.

Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, мӯътақид аст, ки танҳо дар сурати дақиқ шудани шахсияти ҳамаи боздоштшудаҳо, мавзӯи таҳвили онҳо ба Тоҷикистон матраҳ хоҳад шуд.



Ин дар ҳолест, ки бархе аз манобеъ то ҳол натиҷа надодани музокиротро дар мухолифати ҷониби афғонӣ барои истирдоди се шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон донистаанд. Дар ҳоле, ки ин манобеъ мегӯянд, тарафи афғонӣ барои таслими шаҳрвандони Тоҷикистон розигӣ додааст.

Маҳбусон дар Кобул хоҳанд монд?

Пас дар зеҳни бештари таҳлилгарон ин нукта чарх мезанад, ки оё ин қазия ба нафъи ҷониби Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд ва ҳамаи боздоштшудагон ба ин кишвар интиқол хоҳанд ёфт ё хайр?

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, “мувофиқи санадҳои байналмилалӣ, ҳар кишвар дар сурати боздошти шаҳрвандаш, ки дар дигар кишвар ҷиноят содир кардааст, ҳақ дорад, ки ӯро ба он кишвар пас надиҳад. Аммо мувофиқи санадҳои байналмилалӣ ва қонунҳои дохилии ҳамон кишвар, Афғонистон метавонад ин афродро дар зиндони худаш мувофиқ ба ҳукми додгоҳи Тоҷикистон барои адои ҷазо дошта дорад".

Бо таваҷҷӯҳ ба интиқоли ин гурӯҳ аз вилояти Тахор ба Кобул, интизор меравад, ин қазия дар сатҳи вазорати хориҷии ду кишвар матраҳ ва ҳал шавад. Зеро қаблан Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Афғонистон, дар мавриди ҳамкории муштарак барои боздошти ин гурӯҳ ва дигар аз гурӯҳҳои мофиёии қочоқбар дар марзи миёни ду кишвар гуфтугӯҳоеро анҷом додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG