Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Ҳотамбоев имрӯз савганд ёд мекунад


Давлати ҷадиди эътилофии Қирғизистон имрӯз савганд ёд хоҳад кард. Ин маросим бояд ба бесуботие, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ, аз замони барканории раҳбари собиқи кишвар Қурмонбек Боқиев идома дошт, хотима диҳад. Бар асоси Қонуни нави асосӣ, ки моҳи июн дар як райъпурсии саросарӣ тасвиб шуд, дар Қирғизистон низоми парлумонии раёсат ҷорӣ мешавад.
Раҳбарии кобинаи нави кишвар ба раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Алмосбек Ҳотамбоев вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG