Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди нозирони САҲА аз интихоботи Беларус


Нозирони САҲА дар пайи боздошти 7 тан аз 9 номзади мухолифини Беларус гуфтанд, ки интихоботи дирӯзаи раёсати ин ҷумҳурӣ натавонист оғози нави лозим барои ин кишвар шавад.
Раҳбари ҳайъати САҲА Тонӣ Ллойд гуфт, давлати Беларус бояд барои боздошти номзадҳо, хабарнигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар посух гӯяд. Ӯ афзуд, тахаллуф дар шумориши оро ва посухи шадид ба раҳпаймоии эътирозии шаби гузашта монеъи бардошти бештари мусбат аз интихоботи Беларус шудааст.
Тонӣ Ллойд ҳамчунин гуфт, Куммиссиюни марказии интихоботи Беларус холисияти зиёд надошт.
Ин дар ҳолест, ки Лидия Ермошина, раиси Куммиссиюни марказии интихоботи Беларус гуфт, дар интихоботи дирӯза 90 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй ширкат карда, раъйгирӣ бо пирӯзии бечунучарои раисиҷумҳури кунунӣ анҷом шудааст: "5 122 866 нафар, ё 79,67 фоизи мардум ба Аляксандр Лукашенка раъй додаанд.”
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кэтрин Эштон саркӯбии тазроҳуроти шаби гузашта дар Минскро танқид ва ба раҳоии эътирозгарони боздоштшуда даъват кард.
Бо ин ҳол, ҳайъати нозирони Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд интихоботи раёсатҷумҳурии Беларусро машрӯъ хондааст.
XS
SM
MD
LG