Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден:"Амрико то соли 2014 аз Афғонистон хориҷ мешавад"


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, барномаи оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА дар тобистони 2011-и мелодӣ ба маънии коҳиши сарбозони ин кишвар нахоҳад буд, балки бо вуҷуди мушкилот, қувваҳои амрикоӣ ният доранд, ки то соли 2014-и мелодӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Ба навиштаи хабаргузории Асошиэтед Пресс, пешбинии Байден фаротар аз изҳороти Борак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аст.

Раиси ҷумҳури Амрико Обама дар моҳи гузашта гуфт, ки теъдоди нерӯҳои амрикоӣ то соли 2014- и мелодӣ дар Афғонистон коҳиш хоҳад ёфт, вале теъдоди сарбозоне, ки дар ин кишвар боқӣ хонанд монд, ҳанӯз мавриди суол аст.

Ба навиштаи Асошиэтед Пресс, ба манзури мубориза алайҳи терроризм, раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди ҳифзи қувваҳои амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014-и мелодӣ низ сухан гуфтааст. Ба таърихи 16-уми декабри соли ҷорӣ, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ИМА ва муттаҳидони НАТО баъд аз соли 2014 –и мелодӣ дар Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт, вале ҷузъиёти изҳороти вай то ба ҳол маълум нест.

Идораи Борак Обама борҳо гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар дар моҳи июли соли 2011-и мелодӣ хуруҷашро аз Афғонистон оғоз мекунад, вале теъдоди сарбозони ИМА, ки боқӣ хоҳанд монд, вобаста ба шароити низомӣ дар ин кишвар мебошад.

Вале муовини раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибаи бо шабакаи телевизионии НБС гуфтааст, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон дар моҳи июли соли 2011 оғоз хоҳад шуда ва бо вуҷуди мушкилот , ин кишвар тасмим дорад ки то поёни соли 2014-и мелодӣ комилан аз Афғонистон хориҷ шавад.

Ба навиштаи Асошиэтед Пресс, ончи то соли 2014-и мелодӣ воқеъ мешавад, таҳти авомили мухталиф қарор дорад. Яке аз ин авомил ин аст, ки чи касе дар соли 2012 –и мелодӣ барандаи интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико мешавад. Бино ба навиштаи Асошитед Пресс, тааҳҳуде, ки ба манзури хуруҷи нерӯҳои дар соли 2010 дода мешавад, қабл аз вақт аст.

Дар айни ҳол Байден гуфтааст, ки қуввати шабакаи Ал-Қоида ба таври қобили мулоҳиза поён омадааст, вале афзуд, ки мубориза алайҳи шӯришиёни афғон, паноҳгоҳи амни шӯришиён дар Покистон ва эҷоди ҳукумати босубот дар Афғонистон ба муваффақияти камтар ҳамроҳ будааст.

Муовин раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки ИМА дар тамоми арсаҳо пешрафт доштааст, вале ин пешрафтҳо дар баъзе манотиқи Афғонистон камтар будааст. Вай ҳамчунин иддао кардааст, ки пешрафтҳо ба суръати комил пеш рафтааст.

Ҷо Байден як бори дигар таъкид кард, ки тааҳҳуди раиси ҷумҳури Амрико мабни бар оғози хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар тобистони соли 2011-и мелодӣ побарҷост.

Ба гуфтаи Байден, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар июли соли 2011 оғоз мешавад ва раванди интиқоли масъулияти амниятӣ ба нерӯҳои афғон низ оғоз мегардад.

Муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки идораҳои истихборотии ИМА эътиқод доранд, ки шабакаи Ал-Қоида дар Покистон ва Афғонистон беш аз ин қодир нест то ҳамлаҳои бузург мисли 11-и сентябри соли 2001-ро созмондеҳӣ кунад. Вале фикр мешавад, ки муттаҳидони ин гурӯҳи террористӣ, дар соири нуқтаҳо, нақшаи ҳамлаҳои кӯчак, вале маргборро алайҳи Амрико дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG