Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар лӯлаи нафти Мексика


Бар асари таркиш дар як лӯлаи нафт дар маркази Мексика дастикам 28 нафар ҳалок шуданд. Инфиҷори субҳи дирӯз дар шаҳри Сан Мартин Тексмелукан теъдоде манзилҳову мошинҳоро тахриб ва мавҷи нафтро ба кӯчаҳои шаҳр сарозер кард.
Бино ба хабарҳо, тақрибан 13 тан аз ҳалокшудагон кӯдаконанд. Мақомот бояд акнун маълум кунанд, ки оё иллати таркиш дуздон буданд, ки мехостанд лӯлаи марбут ба ширкати давлатии “Pemex”-ро ба хотири сирқати нафт рахна кунанд. Аммо ҳанӯз касе дар ин робита боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG