Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев имрӯз вориди Деҳлии нав хоҳад шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз сафараш ба Ҳиндро шурӯъ мекунад. Ҳадафи аслии ин сафар ташвиқи Ҳинд ба эҳёи равобиташ бо силоҳсозони Русия ном бурда мешавад.
Медведев мехоҳад Ҳинд барои артишаш ҳавопаймоҳои ҷангии МИГ-35 бихарад. Бино ба хабарҳо, Маскав дар бахши энержии ҳастаӣ низ мехоҳад ҳамкориҳояш бо Ҳиндро тавсиъа диҳад. Кремл мегӯяд, табодули молу коло байни Русияву Ҳинд феълан дар сол ҳудуди 10 миллиард доллар рақам зада мешавад, ки назар ба 50 милллиард доллар тиҷорати Русия бо Чин ва 250 миллиард тиҷораташ бо ИА ночиз аст.
Қарор аст, Медведев рӯзи сешанбе бо сарвазири Ҳинд Манмуҳон Сингҳ ва раиси ин ҷумҳурӣ Пратибҳа Патил мулоқот карда, рӯзи чоршанбе аз Мумбай дидан кунад.
XS
SM
MD
LG