Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 узви Ҷундуллоҳро дар Эрон ба дор овехтаанд


Як мақоми қувваи қазоияи Эрон гуфт, мақомот имрӯз 11 узви Ҷундуллоҳро ба дор овехтанд. Иброҳим Ҳамидӣ, раҳбари қувваи қазоияи устони Систону Балуҷистон гуфт, ин 11 тан дар ҳамлаҳои террористӣ, задухӯрд бо пулис ва қатли мардуми бегуноҳ даст доштанд.
Ҷундуллоҳ, як гурӯҳи зеризаминии чирикии суннист, ки масъулияти бомбгузории интиҳории як ҳафтаи пеш дар ҷараёни маросими мазҳабии шиъаҳоро бар дӯш гирифта буд. Бар асари ҳамлаи рӯзи 15 декабр дар Чобаҳор 39 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG