Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 рақиби Лукашенка баъд аз интихобот


Мақомоти Беларус мегӯянд, интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро президенти кунунӣ Аляксандр Лукашенка бурдааст. Бо ин ҳол, интихобот бо задухӯрдҳо миёни пулису эътирозгарон ва боздошти номзадҳои мухолифин анҷом ёфт.
Лидия Ермошина, раиси Куммиссиюни марказии интихоботи Беларус гуфт, дар интихоботи дирӯза 90 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй ширкат кардаанд: "5 122 866 нафар, ё 79,67 фоизи мардум ба Аляксандр Лукашенка раъй додаанд.”
Дар ҳамин ҳол, намояндагони мухолифин мегӯянд, дар пайи раҳпаймоии эътирозӣ дар Минск, ки мунҷар ба беназмиҳо шуд, 7 номзад аз 9 номзади мухолифин дастгир шудаанд.
Эътирозгарон мақомотро ба тақаллуби густарда ба хотири таъмини пирӯзии Лукашенка айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG