Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Раҳмон бо варзишкорон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як мулоқоти хос бо варзишкорони тоҷик рушди варзишро дар роҳи муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ муҳим номид ва ба зарурати тарбияи мутахассисон ва таҳияи шароити лозим барои ҷалби ҷавонон ба варзиш таъкид кард. Оқои Раҳмон аз шеваи бархӯрди бархе мақомоти маҳаллӣ, ки рушди варзишро коре дуввумдараҷа меҳисобанд, изҳори ташвиш кард ва гуфт, рушди варзиш дар амри ҷилавгирӣ аз зуҳуроте, чун нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва гароидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро низ нақши муҳимеро бозӣ мекунад.
Тими Тоҷикистон дар Бозиҳои ахири Осиё дар Чин ҳамагӣ 4 медал ба даст овард. Владимир Елчанинов, мураббии гуштигири маъруфи тоҷик Расул Боқиев аз ҷумла мақомоти варзишии Тоҷикистонро айбдор кард, ки ба чунин мусобиқоти ҷиддӣ ба намояндагӣ аз Тоҷикистон аксаран афроди тасодуфӣ, ё ба таъбири ӯ, “турист”-ро мебаранд.
XS
SM
MD
LG