Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори се кӯдак дар Қӯрғонтеппаро ошкор кардаанд


Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, омили куштори бераҳмонаи се кӯдак дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ошкор кардаанд. Ҳамагӣ 4 рӯз баъд аз ин куштор, Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила гуфт, сокини 19-солаи Қӯрғонтеппа Фирдавс Саидов рӯзи 16 декабр ин атфолро, ки 9, 13 ва 15 сол доштаанд, бо қасди ғорат куштааст.
Оқои Асадуллоев гуфт, нафари гумонбар дар пайи қатли ин се кӯдак аз манзили Бекназаровҳо 2 000 доллари амрикоӣ ва 8 000 сомониро ба яғмо бурдааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG