Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон: «Рушди варзиш омили ҷилавгирӣ аз ифротгароии наврасон»


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар, рушди варзишро омили ҷилавгирӣ аз пайдо шудани ҳар гуна падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва наҷотбахши насли наврас аз зуҳуроти ифротгароӣ донист.

Дар ин мулоқот, ки масъулони давлат, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳибкорон ва варзишгарон ширкат доштанд, ҷаноби Раҳмон гуфт: « ҳар қадар, ки мо дар кишвар барои рушди варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли наврасро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъмандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгаро наҷот мебахшем».

Варзиш -омили ҷилавгирӣ аз падидаҳои номатлуб

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти худ бо варзишгаронро ба баррасии лоиҳаи «Қонун дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «қонун дар бораи танзими расму ойинҳои миллӣ» марбут донист ва гуфт, «замоне фаро расидааст, ки дар баробари таҳияи ин гуна қонунҳо, мо барои наврасон шароит фароҳам оварем, ки онҳо бо варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифта шаванд. Онҳо куҷо раванд? Албатта дар солҳои аввали истиқлолият, ба сабаби ҷанги дохилӣ, проблемаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, дар соҳаи варзиш мушкилоти фаровоне рӯи кор омаданд. Ҳатто аз бемасъулиятии мақомоти маҳаллӣ, бархе аз муассисаҳои варзишӣ хусуcӣ гардонида шуда, ба ҷои онҳо хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдо сохта шуданд».

Раиси ҷумҳур аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳатто дар байни микрорайонҳо, ки қаблан майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон вуҷуд дошт, калонсонон онҳоро ба ҷойҳои истироҳатӣ ва ҳатто ба масҷид табдил доданд, ки на намуди зоҳирии онҳо ва на дохилӣ, ба масҷид мутобиқат надорад.

Ба ин далел, президент мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишварро дастур дод, ки беҳтарин ҷойҳоро барои бунёди майдончаҳои варзишӣ ҷудо кунанд, то наврасон ба нашъамандӣ рӯ наоранд ва корҳои дигари ифротгароӣ даст назананд.

Таъкиди раиси ҷумҳур ба рушди варзиш

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарбияи мутахассион ва фароҳам овардани шароит барои ҷавонону наврасон барои ҷалби варзишро таъкид карда ва гуфт, дар соли 2011 сохтмони беш аз 20 иншооти варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки муддати чанд соли ахир, варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Кӯлоб тармиму бозсозӣ ва бунёд шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи рушди соҳаҳои мухталифи варзиш, оммавигардонии он, ҳамоҳангсозии сиёсати давлат пешниҳод кард, ки дар назди ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад.

Тибқи гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 103 варзишгоҳ, беш аз 4 ҳазор майдонҷаҳои варзишӣ, ҳазор толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби спортӣ фаъол аст.

Дар соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти варзишии байналмилалӣ ширкат карда ва 194 медал ба даст оварданд, ки аз он 60 - тилло, 54 — нуқра ва 80 — то биринҷӣ буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG