Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Лукашенко дар интихоботи Беларус


Кумитаи марказии интихоботи Беларус имрӯз эълом кард, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ, бо касби наздик ба 80 дарсади орои интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи якшанбе, ба як «пирӯзии азим» даст ёфтааст. Александр Лукашенко 16 сол аст ки қудратро дар Беларус дар даст дорад ва ин чаҳорумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ӯ хоҳад буд.

Эътироз дар Минск ба хушунат печид

Шомгоҳи якшанбе дар поёни баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Беларус, ҳазорон нафар талош карданд то парлумони ин кишваррро дар шаҳри Минск ба тасарруфи худ дароранд. Эътирозгарон дарҳо ва шишаҳои сохтмони парлумонро шикастанд, аммо дар ниҳоят ба василаи нерӯҳои давлатӣ ақиб ронда шуданд.

Бар асари бархӯрди тазоҳургарон бо пулис, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Владимир Некляев, яке аз номзадҳои мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳур низ аз сараш захмӣ ва бемористон интиқол дода шуд. То кунун дастикам 3 номзади рақиби Лукашенко боздошт шудаанд.

Ҳазорон тан аз мардуми Беларус интихоботи дирӯзро « фиребкорона» мехонанд ва ба ҳамин далел тазоҳуротро баргузор карда буданд.

Кумиссиёни марказии интихоботи Белорус мегӯянд, 90 дар сади мардум раъй додаанд.

Шикоят аз нақзи муқаррароти интихобот

Рӯзи якшанбе дар ҳоле, ки райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус идома дошт, номзадҳои мухолифон аз нақзи муқаррароти интихоботӣ дар ин кишвар шикоят мекарданд. Иттиҳодияи Аврупо аз наздик бар ин интихобот назорат мекунад, то бо назардошти чигунагии баргузории интихобот тасмим бигирад, ки кӯмакҳои молии худро ба ин кишвар бифиристад ё хайр.

Бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки баъд аз ин интихобот Александр Лукашенко ҳокимияти 16 солаи худро дар ин кишвар идома хоҳад дод. Дар баробари Лукашенко 9 номзади дигар мубориза карданд ва ҳамаи онҳо мисли номзадҳои интихоботи пешин дар созмондиҳӣ ва масоили интихоботӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин як падидаи маъмулӣ дар Беларус мебошад. Баъзе аз ин номзадҳо шикоят кардаанд, ки дар раъйдиҳӣ, муқаррароти интихоботӣ риоят нашудааст ва мақомоти интихоботӣ ба тақаллуб роҳ додаанд.

Нармӣ дар муносибати Лукашенко бо Кремл

Иттиҳодияи Аврупо кӯшиш дорад ҳокимияти худкомаи Лукашенко нарм шавад, зеро чунин шеваи раҳбарӣ дурнамои кӯмакҳои молии ин иттиҳодия ба Беларусро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Интизор меравад, ки ин иттиҳодия дар Бруссел натиҷаҳои интихоботро аз 400 нозири интихоботӣ аз САҲА барои мутолеа дарёфт кунад. Ин нозирон дар саросари Беларус тақсим шудаанд. Онҳо рӯзи душанбе дар бораи наҳваи баргузории интихобот гузориш хоҳанд дод.

Аз сӯи дигар, чунин ба назар мерасад, ки Лукашенко муносиботи худро бо Русия-ҳомии худ ислоҳ кардааст. Солҳои ахир муносиботи вай бо Маскав хеле сард шуда буд. Вале Лукашенко дарзҳои ба вуҷуд омада дар муносиботро ҳафтаи гузашта дарбеҳ кард. Русия розӣ шуд, ки барои Беларус аз гирифтани пардохтҳои иловагӣ барои нафт сарфи назар кунад ва нархи фурӯши газро низ дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорад.
XS
SM
MD
LG