Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, зиндониёни тоҷикро боздошт карданд


Мақомоти расмии Афғонистон эълом карданд, ки ҳашт тан аз фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро боздошт карданд. Зиморой Башарӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, зиндониёни фирорӣ дар вилояти шимолии Тахор наздик ба марзи Тоҷикистон дастгир шуданд. Шаби 23 августи соли равон 25 нафар зиндониёни хатарнок бо қатли панҷ посбон аз боздоштгоҳи Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон фирор карданд. Маъмурони амниятӣ то кунун ҳашт нафари онҳоро дастгир карда ва се нафарашонро куштанд.
XS
SM
MD
LG