Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифини давлати Белорусро пароканда карданд


Шомгоҳи якшанбе дар пайи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус ҳазорон тан дар майдони марказии шаҳри Минск ҷамъ омаданд. Гурӯҳе аз тазоҳургарон хостанд ба бинои порлумон ворид шаванд, ки дафтари Кумиссиёни марказии интихобот дар онҷост. Онҳо баъзе аз дару панҷараҳои бинои порлумонро шикастанд, вале нерӯҳои пулис тазоҳургаронро аз онҷо берун карда ва бо истифода аз нерӯ, тазоҳургаронро пароканда кард. Ин тазоҳургарон мегӯянд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ олуда ба тақаллуб будааст. Бар асоси назархоҳиҳо, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ тақрибан 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Дар интихобот нӯҳ номзади дигар бо Александр Лукашенко, ки 17 сол қудратро зери даст дорад, рақобат карданд. Баъзе аз онҳо интихоботро маҳкум намуданд.
XS
SM
MD
LG