Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти тадобири амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Эрон


Бино ба гузоришҳо, бо ҳазфи ёронаҳо дар Эрон, ҳузури маъмурони амниятӣ дар хиёбонҳои Теҳрон афзоиш ёфтааст. Хабаргузории "Ассосиейтед Пресс" мегӯяд, дар тамоми шаҳрҳои бузурги Эрон маъмурони пулиси зиддишӯриш дида мешаванд. Пеш аз ин тадобири амниятӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ба субсидия ва ёронаҳо барои бензин ва маводи ғизоӣ аз рӯзи 19 декабр дар кишвар хотима дода мешавад. Соли 2007 баъди эъломи маҳдудият дар фурӯши бензин тазоҳургарони хашмгин даҳҳо нуктаҳои бензинфурӯширо оташ заданд. Бар асоси низоми нав, қимати бензин ва ҳамингуна маводи ғизоӣ дар Эрон боло хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG