Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА роҳҳои монеъ шудан ба нашри санадҳои махфиро меҷӯяд


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш роҳҳои мумкини монеъ шудан ба нашри санадҳои бештари маҳрамона аз тарафи торнамои Викиликсро баррасӣ мекунад. Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони Эн Би Си, гуфт, Викиликсро як “терорристи фанновариҳои муосир” медонад, ки хатари он аз хатари нашри санадҳои махфии соли 1971 доир ба нақши Амрико дар ҷанги Вйетнам бештар будааст. Торнамои Викиликс ва муассиси он Ҷулиан Ассанж таҳти фишори афзоянда қарор гирифтаанд. Худи Ҷулиан Ассанжро мақомоти Шветсияи ба азият ва озори ҷинсӣ муттаҳам мекунанд. Бино ба гузоришҳо, Амрико ҳам қасди ба додгоҳ кашидани Ҷулиан Ассанжро доштааст. Ҷо Байден аз рад ва ё таъйид кардани ин гузоришҳо худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG