Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Иёд Аллавӣ аз нахуствазири Ироқ


Иёд Аллавӣ, нахуствазири собиқи Ироқ, гуфт, шояд ба ҳукумати нави нахуствазир, Нурӣ ал-Моликӣ мепайвандад, аммо ҳамзамон аз ӯ хост, ба аҳдаш барои тақсими одилонаи қудрат содиқ бошад. Қарор аст, имрӯз Нурӣ Моликӣ аз таъсиси ҳукумати нави Ироқ эълом диҳад. Бар асоси Қонуни Асосии Ироқ, ҳукумати нав бояд то рӯзи шанбеи оянда 25 декабр таъсис дода шавад. Ширкати эътилофи Ироқияи Иёд Аллавӣ дар ҳукумати нави Ироқ метавонад, нигарониҳо аз эҳтимоли хунрезиҳои тоза дар Ироқи нисбатан оромро фурӯ нишонад, ки қарор аст, онро нерӯҳои амрикоӣ то охири соли оянда комилан тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG