Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният вазъи нимҷазираи Кореяро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти Созмони Милал имрӯз барои баррассии танишҳои афзоянда дар нимҷазираи Куриё, нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. Русия хостори баргузории ин нишаст шудааст ва хостааст, то Шӯрои Амният бо судури баёнияе Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубиро ба хештандорӣ даъват кунад. Аммо айни замон, Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, ки аз тамринҳои низомии панҷрӯзааш даст нахоҳад кашид. Ба гуфтаи як мақоми вазорати дифоъ, тамринҳои низомӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез, бо мусоид шудани вазъи ҳаво, доир хоҳанд шуд. Куриёи Шимолӣ, ки моҳи пеш бо тирандозӣ ба Куриёи Ҷанубӣ чаҳор нафарро кушт, мегӯяд, тамринҳои низомӣ иғвобарангезӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG