Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ Алавӣ ба кобинаи нави Моликӣ мепайвандад


Иёд Алавӣ-нахуствазири собиқи Ироқ имрӯз гуфт, ки ба кобинаи нави Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири кунунии ин кишвар хоҳад пайваст. Қарор аст, оқои Маликӣ ҳайати нави кобинаи худро рӯзи душанбе дар иҷлоси порламон муаррефӣ кунад. Бо вуҷуди ин ки эътилофи Алавӣ бо номи "Ироқия" дар интихоботи моҳи март бештари курсиҳоро ба даст овард, вале ин эътилоф натавонист кобинаи навро ташкил кунад. Пайвастани эътилофи Алавӣ ба кобинаи нав метавонад нигарониҳоро дар бораи нооромиҳои баъдӣ дар Ироқ бартараф кунад. Нируҳои Амрико то поёни соли 2011 Ироқро комилан тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG