Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Беларус ба поёни худ наздик мешавад


Дар соатҳои наздик интихоботи Беларус ба поён мерасад. Номзадҳои нируҳои мухолифи Александр Лукашенко -раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтаанд, ки Комиссияи Марказии Интихобот дар натиҷаҳои интихобот даст ба тақаллуб мезанад ва дар ҷараёни райдиҳӣ низ нақзи қонун ба мушоҳида расидааст. Мухолифон аз ҷонибдрони худ хостаанд, ки баъд аз бастани ҳавзаҳои интихоботӣ дар соати 8-и шом ба вақти маҳаллӣ барои ибрози норизоятии худ дар майдони Октябри Минск ҷамъ шаванд, зеро роҳи дигари изҳори ақида боқӣ намондааст.
XS
SM
MD
LG