Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин Покистонро ҳамкори стротегӣ арзёбӣ кард


Вен Ҷибао-нахуствазири Чин дар ҷараёни боздидаш аз Покистон аз ин кишвар барои ҳамеша тарафи ҳамкори стротегӣ ном бурд. Имрӯз боздиди дурӯзаи оқои Вен аз Исломобод баъд аз суханрониаш дар иҷлоси порламони Покистон ба поён расид. Вай гуфт, ҳадафи ҳар ду кишвар ин аст, ки равобти стротегии ҷонибҳо таҳким ёбад. Вай ҳамчунин аз Покистон ситоиш кард, ки барои зери контрол даровардани терроризм талош дорад ва он сазовори эҳироми байналмиллалист. Дар ҷараёни боздиди Вен Ҷибао-нахуствазири Чин аз Исломобод вазирон ва тоҷирону соҳибкорони Чин ба арзиши 35 миллиард доллар бо Покистон қарордодҳои ҳамкорӣ имзо карданд.
XS
SM
MD
LG