Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Чин аз вазъ дар нимҷазираи Корея


Янг Ҷехӣ-вазири корҳои хориҷаи Чин аз ҳар ду Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ хост, ки барои ҷилавгирӣ аз ташдиди вазъ дар нимҷазира пешгирӣ кунанд. Вазири корҳои хориҷаи Чин ин нуктаро дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Серей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия иброз доштааст. Янг ба Лавров гуфтааст, ки вазъ метвонад аз контрол хориҷ шавад ва тамоми минтақаро ба ларзиш орад. Чунин изҳори нигаронӣ аз ҷониби Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ низ садо дода буд. Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз Шӯрои Амнияти СММ муқобилиятҳои оташбарангези ду Кореяро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG