Пайвандҳои дастрасӣ

Тадобири амниятӣ дар хиёбонҳои Теҳрон ташдид ёфт


Бино ба гузоришҳои расида аз Теҳрон-пойтахти Эрон, имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст, зеро имрӯз коҳиши маблағи кӯмакҳо ба бахши иқтисод эътибор пайдо мекунад. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки дар ҳар хиёбони аслии пойтахт гурӯҳҳои пулис ба чашм мехӯранд. Дар ин бора ба мардум тавзеҳоте дода нашудааст, вале Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон эълон карда буд, ки коҳиши ёронаҳо дар бахшҳои барқ ва маводи ғизоӣ аз ҳамин якшанбе ҷорӣ мешавад. Соли 2007 даҳҳо нафар эътирозкунандагони ба ғазабомада нуқтаҳои бензингириро ба оташ кашида буданд. Он вақт нархи сӯзишворӣ боло рафта буд.
XS
SM
MD
LG