Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои шӯришиён дар Кобул ва шимоли Афғонистон


Шӯришиён дар Кобул ва дар шимоли Афғонистон ҳамлаҳое анҷом додаанд. Дар ҳамлаи шимоли Афғонистон дар маркази сафарбарии сарбозон дар Қундуз дастикам 5 сарбоз ва пулиси афғон кушта шудаанд. Ин ҳамларо се нафар бамгузори интиҳорӣ анҷом додаанд. Дар Кобул ду бамгузори интиҳорӣ бо камарбандҳои маводи мунфаҷира ба автобусе ҳамла бурдаанд, ки сарбозонро интиқол медод. Дар ин ҳамла як нафар кушта шудааст. Пулиси Кобул мегӯянд ҳамлакунандагон ба сӯи автобус оташ кушоданд, вале фурсат нарасид, ки ба автобус наздик шаванд ва камарбандҳои худро мунфаҷир созанд, зеро бо оташи ҷавобӣ кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG