Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларус идома дорад


Дар Беларус райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар идома дорад. Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури ин кишвар, ки ҳамакнун 16 сол дар сари қудрат аст, мехоҳад ин бор низ дар ин мақом боқӣ бимонад. Кишварҳои ғарбӣ Лукашенкоро муттаҳам мекунанд, ки вай то ҳол аз роҳи тақаллуб дар шумориши оро, саркӯбии мухолифони сисёсиаш ва маҳдудияти матбуот дар сари қудрат мондааст. Дар ин интихобот бар зидди Лукашенко афроде номзадии худро пешбарӣ кардаанд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, пирӯзии онҳо баъид ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG