Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 8 маҳбуси фирории тоҷик дар хоки Афғонистон


Дар қаламрави Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон 8 нафар фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон боздошт шуданд. Онҳоро марзбонони Афғонистон боздошт кардаанд. Змарай Башарӣ-сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон дар ин бора дар нишасти хабарие дар Кобул гуфт:

"Дирӯз пулиси мо маштаракан бо амнияти миллии Афғонистон тавонистанд 8 тан аз зиндониёни фирориеро, ки аз зиндони кишвари Тоҷикистон чанде қабл фирор карда буданд, аз вулусволии Дарқади вилояти Тахор дастгир бикунанд".


Мақомоти интизомии вилояти Хатлон мегӯянд, ҳоло барои истирдоди ин маҳбусони фирорӣ ҷонибҳои Афғонистону Тоҷикистон бо ҳам гуфтушунид мекунанд. Боздоштшудагон аз ҷумлаи 25 нафаре мебошанд, ки 23-юми августи соли ҷорӣ қуфли зиндонро шикастанд ва фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо 5 зиндонбонро ба қатл расонда буданд. Баъд аз ин ҳодиса Хайриддин Абдураҳимов-раиси Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон аз мақом барканор ва ба ҷои вай Саймумин Ятимов ин мақомро ишғол кард. То ҳол дар бораи ҳуввияти афроди боздоштшуда чизе гуфта намешавад, вале ҳафтае пеш як сокини ноҳияи Восеъ гуфт, вай дар зери пуле чанд нафар афроди шубҳабарангезро дидааст ва ҳатто бо яке аз онҳо гуфтугӯ кардааст. Вай гуфта буд, яке аз онҳоро аз рӯи акс шинохтааст, ки ба Ҳикмат Азизов мулаққаб ба Кӯри Малиш-фирории зиндон монанд будааст.
XS
SM
MD
LG