Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз ҷумлаи ҳашт боздоштшуда дар қаламрави давлати исломии Афғонистон, 7 нафари онҳо маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи КАМ-и Тоҷикистон дар шаби 23-уми августи соли ҷорӣ мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир ошкор шудааст, ки се нафар аз ин боздоштшудагон шаҳрванди Афғонистон ва чаҳор тани дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Аммо бар асоси иттилои КАМ-и Тоҷикистон, танҳо ҳуввияти ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва се тан аз шаҳрвандони Афғонистон мушаххас шудааст.

Ба ин тартиб, дар миёни боздоштшудагон Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба Кӯри Малиш ва Баҳром Орифҷонов, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Маҳмадалӣ валади Қунбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим шаҳрвандони Афғонистон афроде ҳастанд, ки рӯзи 18-уми декабр тавассути нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Афғонистон дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор боздошт шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои вобастаи Тоҷикистон ва Афғонистон ба манзури мушаххас кардани шахсияти афроди боқимонда, иқдомотеро рӯи даст доранд.

Ҳамчунин қарор аст, пас аз комилан мушаххас шудани афроди боздоштшуда, масъалаи истирдоди онҳо низ матраҳ шавад.

Амалиёти муваффақи боздошти фирориён

Дар пайи амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятии Афғонистон, 8 маҳбуси фирории боздоштгоҳи муваққати КАМ -и Тоҷикистон боздошт шуд. Змарай Башарӣ, сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон ба радиои Озодӣ гуфт, амалиёти боздошти ин афрод рӯзи 18-уми декабр дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор сурат гирифт.

Ҷаноби Башарӣ, гуфт, дар миёни маҳбусони фирории боздоштшуда 3 шаҳрванди Афғонистон ва панҷ тани дигар аз Тоҷикистон ҳастанд:

"Дирӯз пулиси мо муштаракан бо амнияти миллии Афғонистон тавонистанд 8 тан аз зиндониёни фирориеро, ки аз зиндони кишвари Тоҷикистон чанде қабл фирор карда буданд, аз вулусволии Дарқади вилояти Тахор дастгир бикунанд".



Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон ин амалиётро натиҷаи ҳамкориҳоии муштараки вазоратхонаҳои корҳои дохилии Афғонистон ва Тоҷикистон унвон кард.

Гуфтугӯ барои истирдоди фирориён

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфтаанд, ки сар аз субҳи имрӯз дар сатҳи ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон барои истирдоди маҳбусони фирории боздоштшуда дар вилояти Тахор, музокирот ҷараён дорад.

Манобеи ҳифзи ҳуқуқ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба хабарнигори Озодӣ гуфтаанд, ки тарафи афғонӣ барои истирдоди 5 маҳбуси фирорӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, мувофиқат кардаанд. Аммо бар сари таслими 3 нафар аз маҳбусони фирории дигар, ки шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, то ба ҳол ба натиҷае нарасидаанд.

Аммо ин манобеъ изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин қазия дар сатҳи болотари ҳар ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон ҳалли худро пайдо кунад.

Бо ин ҳам, ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки то баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, маҳбусони фирории тоҷик низ аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод нашудаанд.

Ҳамкории сокинон бо маҳбусон

Таҳқиқи аввалияи ниҳодҳои интизомӣ собит кардааст, ки бархе аз сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон дар убури маҳбусони фирорӣ ба Афғонистон ҳамкорӣ кардаанд. Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, бархе аз сокинонро дар робита ба ин қазия, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.




Фирори пурсару садо

Ҳамакнун бо боздошти ҳашт нафар аз фирориён тавассути марзбонони афғон, аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, аксарияти онҳо дастгир ва иддае ҳам дар ҷараёни амалиёти фаврии нерӯҳои интизомӣ кушта шудаанд.

Маҳбусони фирорӣ умдатан касоне буданд, ки барои даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас унвон кард.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд.

Изи пои фирориён дар Хатлон

Ҳамзамон аз чанд рӯз ба ин тараф овозаву сарусадое дар мавриди мушоҳидаи афроди шубҳаовар дар навоҳии минтақаи Кӯлоб дар миёни мардум ба гӯш мерасид. Ҳафтае қабл, сокинони ноҳияи Восеъ афроди ношиносеро дар ҳудуди ин ноҳияи мушоҳида карда буданд.

Як сокини ноҳияи Восеъ чанд рӯз қабл гуфта буд, ки Ҳикмат Азизов мулаққаб ба Кӯри Малиш, маҳбуси фирории боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ва бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони собиқи мухолифонро, ки дар ҳаводиси тобистони соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд, шинохтааст.

Сӯҳроб Ойаҳмадов, сокини деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат ба РО гуфта буд, ки дар зери купруки ин минтақа гурӯҳи иборат аз ҳафт нафараи либоси низомипӯшро мушоҳида карда ва онҳо ӯро барои сӯҳбат даъват кардаанд.

Ин афрод худро кормандони пулис муаррифӣ карда ва шаҳодатномаи корманди милитсияро низ ба ӯ нишон додаанд аммо дар миёни онҳо Ҳикмат Азизов муллақаб ба Кӯри Малишро, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи КАМ-и Тоҷикистон фирор карда буд, шинохтааст. Зеро вай мегӯяд қаблан акси ӯро дар телевизион ва овезаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар кӯча ва хиёбонҳо дидааст.

Мақомот бар ин назар буданд, ки фирориён дар Кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин паноҳ бурдаанд. Ба ин хотир нерӯҳои интизомӣ тайи як ҳафта дар ин мавзеъ ҷиҳати пайдо намудани онҳо таҷаммӯъ карда буданд.

Амалиёт дар қаторкӯҳҳои ҷануби Тоҷикистон

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки дар як қатор силсилакӯҳҳои ҳудуди ноҳияҳои Балҷувон, Ҳамадонӣ ва Восеъи вилояти Хатлон амалиёти махсуси кормандони пулис барои безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ҳамла дар Балҷувонро анҷом додаанд, ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои пулис аз шаби душанбеи 13 декабр дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин таҷаммӯъ кардаанд ва сокинони ноҳияи Восеъ гашту гузори чархболи низомӣ дар ин ноҳияро мушоҳида намудаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 15 декабр дар сӯҳбат бо РО гуфт, гурӯҳҳои фаврии пулис барои эҳтимолан вуҷуд доштани гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ё фирори он гурӯҳе, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Балҷувон ҳамла карда буданд, амалиётҳои фаврӣ ва чустуҷӯиро анҷом медиҳанд.

Ҷаноби Асадуллоев таъкид карда буд, ки амалиётҳо дар як қатор силсилакӯҳҳои ҳудуди ҷануби Тоҷикистон ба манзури санҷиши маълумотҳои фаврӣ, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ин мавзеҳо паноҳ набурда бошанд ва ба хусус ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG