Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Русия аз эҳтимоли сар задани хушунатҳои қавмӣ дар шаҳри Маскав - пойтахти ин кишвар ҳушдор додаанд. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки гурӯҳҳои миллатгарои рус тавассути торнамоҳо ва блогҳо пайравони худро барои тазоҳуроти нав дар назди маркази телевизионии Останкино даъват кардаанд.

Дар ин робита ниҳодҳои интизомии Маскав нерӯҳои худро барои пешгирии хушунатҳои байниқавмӣ тақвият бахшидаанд.

Ҳамзамон бино бар хабарҳои расида, гурӯҳҳои ҷавонони қафқозитабори сокини Маскав низ тасмим гирифтаанд, ки дар яке аз майдонҳои ин шаҳр гирдиҳам оянд.

Рӯзҳои ахир пулиси Маскав барои ҷилавгирӣ аз низоъҳои қавмӣ зиёда аз ҳазор нафарро ба ҳабс гирифтааст. Аксари боздоштҳо дар назди вокзали Киевская ба вуқӯъ пайвастааст, ки ҷои таҷаммӯи эътирозгарони қафқозитабор аст.

Аввали ҳафта миллатгароёни рус дар хиёбони Манежи маркази Маскав тазоҳурот карданд ва баъд аз латтукӯби намояндагони миллатҳои ғайрирус бо полис даргир шуданд. Созмонҳои тоҷикони Русия аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба иғвогариҳо дода нашаванд.

Ширкати тоҷикҳо дар муноқиша чӣ пайомад дорад?

Давлати Усмон, коршиноси масоили сиёсӣ, пайвастани иддае аз муҳоҷирони тоҷик ба эътирозгарони қафқозитабор дар Маскавро аз эҳтимол дур намедонад
Дар маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси ахири шаҳри Маскав назарҳои мухталиф садо медиҳанд. Гурӯҳе аз коршиносон ҳадс мезанад, ки ба чунин низоъҳо кашида шудани муҳоҷирони тоҷик хусусан ҷавонон аз эҳтимол дур нест, зеро ҳодисаҳои ҳамлаи сартарошидаҳо ва кушта шудани теъдоди зиёди мардикорони тоҷик барои пайвастан ба чунин задухӯрдҳо замина омода кардааст.

Давлат Усмонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд ҳамроҳ шудани муҳоҷирони тоҷик ба ин гуна низоъҳо дар Русия пайомадҳои нохушро ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҳукумати Русия метавонад ба бор орад.

Оқои Усмон бар ин назар аст, ки меваи чунин бенизомиҳо хеле барвақт дар Русия пухта расида буд. Ин ҳам бошад пӯшидаву ошкоро аз ҷониби шахсиятҳои бонуфуз ва ҳатто ҳизбҳои сиёсӣ пуштибонӣ шудани гурӯҳҳои миллатгаро мебошад, ки имрӯз заҳри онро давлати ин кишвар мечашад.

Мусо Асозода
"Пайвастани муҳоҷирон ба эътирозгаронро бояд пешгирӣ кард"


Аммо Мусо Асозода, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ӯ баъид медонад, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба чунин низоъҳои дохилии Русия кашида шаванд. Ва агар, мегӯяд ӯ, чунин эҳтимол вуҷуд дошта бошад, давлати Тоҷикистон ва ниҳодҳои масъулро зарур аст, тамоми чораҳо ва тадбирҳоро биандешанд, то аз ин гуна ҳодисаҳо ҷилавгирӣ шавад.

Тибқи омори расмӣ, дар Русия имрӯз то 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад ва аммо омори ғайрирасмӣ теъдоди муҷирини тоҷикро беш аз 1 миллион нафар меномад.

Дар тӯли соли 2009 аз Русия 600 тобути мардикорони тоҷик ба ватан оварда шудааст, ки бахши аъзами онҳо ҷавонони то 30-сола буда, қисме аз онҳо аз захми корди сартарошидаҳо ва ё гурӯҳҳои миллватгарои рус кушта шудааанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG