Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳотамбоев:Пойгоҳи Амрико дар Манас 4 соли дигар хоҳад монд


Алмосбек Ҳотамбоев-нахуствазири нави Қирғизистон зимни суханони худ дар порламони кишвараш гуфтааст, маркази транзитӣ, яъне бахше аз фурудгоҳи Манас дар назидкии Бишкек чаҳор соли дигар дар ихтиёри нируҳои Амрико қарор хоҳад дошт. Нируҳои амрикоӣ аз ин фупудгоҳ барои ҳимоят аз амалиёти худ дар Афғонистон истифода мекунанд. Ҳотамбоев гуфтааст, Қирғизистон бо Амрико дар мавриди истифодаи фурудгоҳ қарордоди панҷсола дорад ва як соли он сипарӣ шудааст. Вай ба раҳбарони чанд кишвар хабар додааст, ки кишвараш наметавонад тааҳуддоти гирифтаашро нақз кунад. Ҳотамбоев ба намояндагони порламони кишвараш ҳамчунин гуфтааст, ки нахустин боздиди вай дар мақоми нахуствазирӣ аз Русия анҷом хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG