Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири нави хориҷаи Эрон расман ба курсӣ менишинад


Имрӯз Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси Ожонсии энержии Эрон ба таври расмӣ курсии вазири корҳои хориҷаи Эронро ишғол хоҳад кард. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон баъд аз барканории Манучеҳр Муттакӣ-вазири пешини хориҷӣ ҳафтаи гузашта Солеҳиро ба ин мақом таъйин кард. Худи Муттакӣ вақти барканорӣ машғули боздид аз Сенегал буд. Тибқи қонуни Эрон номзадии Солеҳӣ ба ин мақом бояд дар Маҷлиси Эрон ё порламон ба тасвиб расад. Вай ҳамзамон мақоми раиси Ожонсии Энержии Ҳастаии Эронро уҳдадор хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG