Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 шӯришӣ дар минтақаи Хайбари Покистон кушта шуданд


Дар минтақаи Хайбари Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон се ҳавопаймои машкуки амрикоӣ 24 шӯриширо ба қатл расондаанд. Бино ба гузоришҳо, ин ҳамлаҳо дар водии Тира дар фосилаи чанд соат аз якдигар рух додааст. Дар ҳамин минтақа як рӯзи пеш низ дар чунин ҳамла 7 нафар шӯришӣ ба қатл расиданд. Аз сӯи дигар, як мақоми расмии Амрико, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфтааст, ки яке аз афсарони баландрутбаи Си Ай Эй ё Созмони Марказии Кашфи Амрико, ки дар Покистон мустақар буд, баъд аз ифшои нақшаи ҳамлае ба ҷонаш аз ин кишвар хориҷ шудааст. Дар ин бора Си Ай Эй ба таври расмӣ эъломия мунташир накардааст.
XS
SM
MD
LG