Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҳукумати нави Қирғизистон интихоб шуд


Раиси нави ҳукумати Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев ва раиси парлумони ин кишвар Аҳмадбек Келдибеков

Раиси нави ҳукумати Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев ва раиси парлумони ин кишвар Аҳмадбек Келдибеков

Парлумони Қирғизистон бо аксарияти оро Алмосбек Ҳотамбоев, раиси Ҳизби сотсиал-демократро раҳбари ҳукумати Қирғизистон интихоб кард. Алмосбек Ҳотамбоев дар даврони президентии Қурмонбек Боқиев чанд муддат нахуствазири Қирғизистон буд.

Номзадии Алмосбек Ҳотамбоев аз сӯи эътилофи нави 3 ҳизб аз 5 ҳизби ба парлумони Қирғизистон роҳёфта, аз ҷумла “Республика”, “Ота Журт” ва Сотсиал-демократӣ пешниҳод шуда буд. Қаблан намояндаи ҳамин эътилоф Аҳмадбек Келдибеков аз ҳизби “Ота Журт” раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд.

Алмосбек Ҳотамбоев аз соли 1993 раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ яке аз пешвоёни “инқилоби лолаӣ” дар соли 2005 алайҳи ҳукумати Аскар Оқоев буд ва пас аз ба сари қудрат омадани Қурмонбек Боқиев нахуствазири Қирғизистон таъин шуд.

Вале пас аз шаш моҳи ифои вазифа дар ин мақом ӯ ба мухолифони Боқиев пайваст ва аз рақибони аслии ӯ маҳсуб мешуд. Боре ӯ Қурмонбек Боқиевро "сиёсатмадори мурда" ном бурда буд.

Алмосбек Ҳотамбоев дар интихоботи президентии соли 2007 номзадии худро пешниҳод кард, аммо дар нимароҳи рақобатҳо ба нишони эътироз номзадии худро фаро хонд.

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки раҳбари нави ҳукуматро масъулияти сангине дар пеш аст, зеро пешбурди сиёсат бо низоми ҷумҳурии парлумонӣ талошҳои зиёдеро тақозо мекунад. Дар низоми демократияи парлумонӣ, ки раҳбарияти нави Қирғизистон пеша кардааст, бештари салоҳиятҳои раёсатҷумҳур бар души раиси ҳукумат хоҳад буд.

Коршинос: Ташкили ҳукумати нав як бӯҳрон буд

Дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Сайфуллоҳ Сафаров, таҳлигари тоҷик ва муовини раиси Пажӯҳишгоҳи стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди интихоби раиси ҳукумати Қирғизистон гуфт: «Ба назари ман, он чӣ ки имрӯз интихоб карданд, дигар илоҷе надоштанд. Агар ин корро намекарданд, соли оянда Қирғизистон бе буҷа мемонд. Тамоми кормандони буҷавии кишвар бе маош мемонданд, вазъияти Қирғизистон хеле бад мешуд. Хушбахтона нахуствазирро интихоб карданд. Ин аслан бӯҳрон буд. Дигар чиз набуд».

Суол: -Ба назари шумо ҳамин ҳукумате, ки дар эътилоф бо чанд ҳизби роҳёфта ба порламон рӯи кор омад, дар оянда метавонад аз бӯҳроне, ки шумо ин ҷо ёдоварӣ кардед, бароварда тавонад?

Сафаров: -Муттаассифона наметавонад, чунки он шакли ҳамкориҳое, ки дар ҷумҳурии Қирғизистон ҳаст, барои онҳо боз проблемаҳои дигар халқ хоҳад кард.

Суол: -Чӣ роҳҳое бояд Қирғизистон пеш бигирад, ки битавонад иқтисодашро рушд диҳад ва мардумаш ҳам зарар набинанд?

Сафаров: -Хушбахтона дар Қирғизистон аз нуқтаи назари саводи сиёсӣ қисме аз мардум пеш рафтаанд ва ин қисм метавонанд, ки Қирғизистонро ба сӯи ҳам демократия ва ҳам иштироки мардум дар идораи умури кишвар ҷалб кунанд ва бо ҳамин аз бӯҳрон бароянд. Вале бояд таъкид кард, ки ин кори хеле мушкил аст, чунки зиддиятҳо давом хоҳанд кард ва бисёре аз проблемаҳо оҳиста-оҳиста ҳал хоҳанд шуд. Мо умедвори зудтар аз бӯҳрон раҳо ёфтани Қирғизистон ҳастем, то ин кишвар дигар ба бӯҳрон наздик нашавад.

Суол: -Фикр мекунед, ки ин ҷабҳабандиҳо ва эътилофе, ки ба вуҷуд омадааст, муваққатист ва дар оянда мавзеъгириҳо тағйир хоҳад кард?

Сафаров: -Мо фикр мекунем, ки Қирғизистон дар мӯҳлати муайяншуда бояд аз бӯҳрон барояд, чунки оромиву суботи Қирғизистон барои Тоҷикистон, ки ба он биссёр монанд аст, ҳамаз нгуқтаи назари захоир ва ҳам аз нуқтаи назари имкониятҳо хеле зарур аст, чунки чунин ҳамсояи хуб мо дигар надорем.

Суол: -Бо ин ҳукумате, ки рӯи кор омадааст, тоҷикистон дар оянда ҳамкориҳояшро чӣ тавр бояд барномарезӣ кунад?

Сафаров: -Тоҷикистон бо ҳар гуна ҳукумате, ки мардуми қирғиз қабул доранд, бо ҳамон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG