Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Нина Огниянова, як масъули ин ниҳод мегӯяд, кумитаи дифоь аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бино ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва асли озодии матбуот иттиҳомоти тӯҳмат ва пахши иттилои нодурустро, аз ҷурми ҷиноӣ ба ҷурми маъмурӣ табдил диҳад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” ҳафтаи сеюм аст дар боздошт ба сар мебарад. Вай аввал дар боздоштгоҳи ин маҳал нигаҳ дошта мешуд ва поёни ҳафтаи гузашта ба Хуҷанд интиқол ёфт.

Иттиҳоми хабарнигор ба "тамаъҷӯӣ"

Додситонии ноҳияи Ашт мегӯяд, гумонбар шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов ба талаби пул аз нафаре, ба истилоҳи қонунӣ - “бо роҳи тамаъҷӯӣ” сабаб шуд, то рӯзноманигор замони тафтиши парванда паси панҷара андохта шавад. Дар канори он додситонӣ ӯро барои тӯҳмату таҳқир ва барангезиши маҳалгароӣ айбдор кардааст. Тафтиши ин парванда ҳоло аз ҷониби додситонии ноҳияи Ашт ҷараён дорад.

Аз ҳолу аҳволи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар боздотштгоҳи Хуҷанд иттилоъе дар даст нест. Вакили нави дифоъаш ҳанӯз бо вай мулоқот надоштааст. Хешони Исмоилов мегӯянд, замони нигаҳдории дар боздоштгоҳи Ашт будани ӯ мақомот чанд рӯз иҷозаи дидор надоданд.

Рӯзноманигорони тоҷик боздошти ҳамкасби худ – Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо нигаронӣ истиқбол карда, онро ба фаъолияти касбии ӯ ва чопи мақолаҳои танқидӣ рабт медиҳанд. Сардабири нашрияи мазкур – Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, рӯзноманигори нашрияаш дар ноҳияи Ашт аз қонуншиканиҳои мақомоти маҳал дар мавзуъҳои мухталиф менавишт ва ин мақомотро нороҳат мекард.

Даъват ба пажӯҳиши вижаи айбнома

Ҷӯра Юсуфӣ - муовини сардабири ҳафтаномаи “Вароруд” дар Хуҷанд гуфт, аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон даъват мекунад, дар канори таҳқиқоти мақомот як пажӯҳиши вижа дар бораи боздошти ҳамкасби худ анҷом диҳанд. Вай мегӯяд, гунаҳкорӣ ё бегуноҳии ӯро додгоҳ муайян хоҳад кард, аммо боздошти як рӯзноманигор дар пайи чопи матолиби танқидӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон ва обрӯву эътибори ин кишвар дар ҷаҳон латма хоҳад зад.

Ба ақидаи Алии Муҳаммадӣ - як вакили дифоъи тоҷик, агар рӯзноманигор ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуда бошад, ба хотири таъмини шаффофият беҳтар мебуд, ин қазиаро оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, яъне – як тарафи сеюми бетараф таҳқиқ мекард. Зеро додситонӣ низ дар бархе аз мақолаҳои рӯзноманигори “Нури зиндагӣ” танқид шудааст.

Боздошти ғайриқонунӣ?


Аз тарафи дигар, аз нигоҳи ин ҳуқуқшинос, мақомоти тафтишот нахуст мақолаҳои Исмоиловро ҷиҳати ташхис ба гурӯҳи коршиносонон пешниҳод мекард ва баъди гирифтани хулосаи онҳо нисбат ба рӯзноманигор айб эълон мекард. Аммо тавре ки сардабири “Нури зиндагӣ” мегӯяд, мақомот аввал рӯзноманигори ин нашрияро боздошт, сипас аз нашрия мақолаҳои ӯро талаб кард.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, коршиносонаш ба пажуҳиши қазияи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов шурӯъ кардаанд. Ва Муҳаббат Ҷӯраева - вакили дифоъи ин анҷуман ҳимояти Исмоиловро замони тафтиши парванда бар дӯш гирифтааст. Вале то ҳол онҳо натиҷаҳои аввалияи фаъолияти худро эълон накардаанд. Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, хонум – Ҷӯраева дар тамоси телефонӣ ба Озодӣ гуфт, ҳанӯз бо парванда пурра ошно нашудааст ва назари худро баъди омӯзиш баён хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG