Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: Низомиёни ИМА дар "Манас" боқӣ мемонанд


Алмосбек Отамбоев, сарвазири эҳтимолии Қирғизистон, изҳор намуд, ки фурудгоҳи "Манас" аз сӯи Амрико боз чаҳор соли дигар ба хотири интиқоли бор ба низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ ба Афғонистон истифода хоҳад шуд. Ӯ зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, бар пояи созиш миёни Амрикову Қирғизистон маркази интиқоли бор дар ин фурудгоҳ тайи панҷ сол дар ихтиёри низомиёни ИМА хоҳад буд ва аллакай як соли он сипарӣ шудааст. Алмосбек Отамбоев афзуд, ӯ ба сарони чанд кишвар хабар додаст, ки Бишкек ӯҳдадориҳои қаблан гирифтани худро ҳатман иҷро мекунад.
Эътилофи нави парлумонии иборат аз се ҳизб – “Республика”, “Ота Журт” ва сотсиал-демократӣ Алмосбек Отабоевро ба мақоми сарвазирии кишвар пешбарӣ кардааст. Аз ин пеш, бар пояи созиши ҳосилкардаи Эътилоф, Аҳмадбек Келдибеков, раҳбари ҳизби “Ота Журт”, раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд.
Алмосбек Отабоев замони қудрати Қурмонбек Боқиев чанд муддат нахуствазири Қирғизистон буд.
XS
SM
MD
LG