Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ассанҷ аз амалҳои "ситезаҷӯёна"-и ИМА шиква кард


Ҷуллиан Ассанҷ, муассиси сомонаи интернетии WikiLeaks, изҳор намуд, ки баъд аз ифшои ҳазорон асноди сиррии дипломатии амрикоӣ, бо амалҳои ситезаҷӯёнаи Вошингтон рӯ ба рӯ шудааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бритониё ӯ зери пардаи асрор мондани тафтиши шурӯъкардаи мақомоти Амрико оид ба ифшои ин аснодро маҳкум кард.
Ҷуллиан Ассанҷ, ҳафтаи гузашта, дар Бритониё бо дархости Шветсия боздошт шуд. Стокҳолм муассиси WikiLeaks-ро дар таҷовуз ба номуси ду зан гумонбар мехонад. Ассанҷ иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ барои нашри асноди сиррии дипломатии Амрико ҳадафи таъқибу фишор қарор гирифтааст.
Рӯзи панҷшанбе Ҷулиан Ассанҷ баъд аз пардохти 240 ҳазор паунт аз маҳбас раҳо шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ то рӯзи 11 январ, яъне то идомаи баррасии парвандааш дар додгоҳ, дар озодӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG