Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони созмонҳои хабарнигорӣ ва ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон барои тавсеаи дастрасии мардуми кишвар ба шабакаи ҷаҳонӣ ва коҳиши қиммати Интернет як ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Ин созиш дар пайи як мулоқоти созмонҳо ва расонаҳо таҳти унвони «Дастрасӣ ба иттилоъ: дастовард ва дурнамоҳо» ҳосил шуд.

Дар ин нишаст намояндагони созмонҳои хабарнигорӣ гаронии қиммати хадамоти интернетиро садди аслӣ дар роҳи тавсеаи шабакаи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон унвон карданд ва аз ширкатҳои интернетӣ хостори коҳиши нархҳо шуданд.

Интернет ҳамоно дастнорас аст


Дар бораи шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон омори дақиқ вуҷуд надорад. Дар ҳоле, ки созмони ҷамъиятии мавсум ба «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» теъдоди истифодабарандагони доимии шабакаи ҷаҳонӣ дар кишварро 5 дарсад меномад.Гуфта мешавад, ки ба сурати умум ҳудуди 20 дарсади сокинони Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд.

Қимати хадамоти интернетӣ тайи солҳои ахир аз 300 доллари солҳои пеш то 50 доллар барои корхонаҳо ва барои афроди алоҳида аз 100 ба 25 доллар барои як моҳ коҳиш ёфтааст. Аммо ин рақамҳоро низ таҳлилгарон барои аксари кулли мардуми кишвар дастнорас мешуморанд.

Аммо оё ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар Тоҷикистон омодаанд, ки барои қишрҳои муайяни аҳолӣ қимати хадамоташонро арзон кунанд?

Ниёзи ширкатҳои интернетӣ ба кумаки давлат

Парвина Ибодова, раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои интернетрасонии Тоҷикистон
Парвина Ибодова, раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, мегӯяд, дар масъалаи қимати хадамот ба ин ширкатҳо намешавад фишор овард, зеро ин мавзӯи тиҷорату ҳисобу китоби дохилӣ аст.

Ӯ гуфт: «Ширкатҳо метавонанд нархи хидмати худро арзон кунанд, аммо барои ин бояд иқдомоти ҷавобӣ аз сӯи ҳукумат сурат гирад. Агар ҳукумат барои ширкатҳо андозҳоро кам ва ё ба баъзе мушкилоташон расидагӣ кунад, ин ширкатҳо ба иқдомоти ҷавобӣ даст хоҳанд зад».

Иддае аз коршиносон низ мушкили дастрасӣ ба иттилоъ аз интернетро ба ҳукумат вобаста медонанд. Онҳо Қазоқистонро мисол оварданд, ки барномаи махсуси миллии ба мардум омӯзонидани интернетро аз ҳисоби давлат рӯи даст гирифтааст.

«Имкони коҳиши нархҳо вуҷуд дорад»

Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки имконоти васеъи молӣ надорад, оё метавонад ин барномаро бо истифода аз 12 интернетрасон ва 8 ширкати мобилӣ амалӣ кунад?

Саймуддин Дӯстов, раиси созмони Информатика барои демократия ва рушди миллӣ
Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони "Информатика барои демократия ва рушди миллӣ" ё ИНДЕМ мегӯяд, гап дар бораи манофеъи тиҷоратии ширкатҳо меравад, ки то ин замон кӯшидаанд нархро дар бозор нигоҳ доранд ва бо он вуҷуд ки мегӯянд, интернет дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳо бештар рушд кардааст, имкони боз поён овардани қиматҳо вуҷуд дорад.

Ӯ афзуд: «Интернет бо истифодаи фанновариҳои симдору бесим метавонад дар Тоҷикистон 30 дарсади дигар арзон бошад ва ин ҳол метавонад ба боло рафтани истифодаи технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ ва заминаи рушди миллӣ барои Тоҷикистон мусоидат кунад.»

“Интернет набояд танҳо барои сарватмандон бошад"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва яке аз таҳиякунандаҳои ин санад, мегӯяд, ширкатҳои мобиливу интернетӣ бояд лоиҳаҳои иҷтимоӣ низ дошта бошанд ва барои муассисаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла боғчаҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар нархи хидмати худро поин бубаранд.

"Яъне ин тавр нашавад, ки касе пул дорад, интернет дошта бошад, касе надорад - на. Хуб мешуд онҳое, ки пул надоранду аммо мехоҳанд интернет дошта бошанд, ба иттилоъ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо аст", -афзуд ӯ.

Оқои Қаршибоев гуфт, аз ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон ҳамчунин хоҳиш мешавад, ки барои таъмини ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, фаннӣ ва амалии дастрасии мардум ба Интернет бикӯшанд ва барои вусъати фаъолияти расонаҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ мусоидат кунанд.

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, 70 дарсади мардуме, ки аз Тоҷикистон ба интернет ворид мешавад, бештар ба мутолиа ва истифодаи сомонаҳои хориҷӣ шавқмандӣ нишон додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG