Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии стратегияи ҷанги Афғонистон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони НАТО дар ҷанг алайҳи Ал-Қоида ва Толибон дар Афғонистон пешрафти чашмгире кардаанд, аммо афзуд, ҷанг дар ин кишвар ҳамчунон як кори душвор боқӣ мемонад.

Барак Обама дар ин бора дар Вашингтон ва зимни баррасии стратегияи Амрико дар Афғонистон ҳарф зад.

Амрико дар азми худ собит аст

Ӯ гуфт, ҳадафи Амрико сохтани Афғонистон ва дарҳам шикастани ҳарчизе нест, ки ба амнияти ин кишвар таҳдид мекунад, балки ҳадафи Амрико дарҳам шикастан ва аз байн бурдани Ал-Алқоида дар Афғонистону Покистон аст. Барак Обама афзуд, азми Амрико барои расидан ба ин ҳадаф собит аст:

“Мо дар ростои расидан ба ҳадафи аслии худ шоҳиди пешрафти чашмгире ҳастем. Имрӯз раҳбарияти аршади Ал-Қоида дар манотиқи марзии Афғонистону Покистон нисбат ба 9 сол пеш, ки аз Афғонистон фирор кард, таҳти фишори бештар қарор гирифтааст. Раҳбарони аршадаш кушта шуданд. Акнун барояшон фурсати истихдом, сафар, омӯзишу тарҳрезии ҳамалоту анҷоми он сахттар шудааст. “

Арзёбии стратегӣ нишон медиҳад, ки стратегияи Амрико дар Афғонистон ва Покистон муассир аст ва ба “дастовардҳои чашмгире ҳам ноил шудааст”. Дар ин баррасӣ ҳамчунин омадааст, ки раҳбарияти Ал-Қоида дар Покистон акнун заъифтар шуда ва таҳти фишори бештар қарор гирифтааст.

Ихроҷи нерӯҳо ба шароит бастагӣ дорад

Ҷанги ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон вориди даҳумин соли худ шуда ва тақрибан як сол пеш вақте ки Барак Обама эъзоми 30 ҳазор сарбози изофӣ ба Афғонистонро эълом кард ва ваъда дод, ки чунин баррасиеро анҷом хоҳад гирифт. Ҳадафи ирсоли сарбозони изофӣ, ба эътидол овардани авзоъи амниятӣ ва баъдан таҳвили он ба ихтиёри худи нерӯҳои Афғонистон аст, то сарбозони амрикоӣ тавонанд, аз тобистони оянда ба тарки Афғонистон шурӯъ кунанд.

Ҳоло тақрибан 100 ҳазор сарбози Амрико ва 40 ҳазор сарбози НАТО дар Афғонистон мустақаранд. Бар асосӣ арзёбӣ, масъалаи ихроҷи теъдоде аз нерӯҳои Амрико дар соли оянда ҳанӯз ҳам бетағйир аст, аммо қарори ихроҷи нерӯҳо ба шароит бастагӣ хоҳад дошт. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико мегӯяд, номушаххасиҳо албатта вуҷуд хоҳад дошт.

Дар мавриди ин, ки нерӯҳо, кай Афғонистонро тарк хоҳанд кард, раиси ҷумҳури Амрико возеҳ сохт, ки ин масъала ба шароит бастагӣ хоҳад дошт. Ҳоло наметавонем, бигӯем, ки баъди моҳи июли соли 2011 вазъ чӣ гуна хоҳад буд. Вале ин умедворӣ ҳаст, ки бо пешрафт дар Афғонистон раванди коҳиши нерӯҳо суръат хоҳад гирифт.

Пуштибонӣ аз талоши музокирот бо Толибон

Раҳбарони НАТО дар иҷлоси ин паймон дар моҳи гузашта дар шаҳри Лисабон рӯи такмили интиқоли масъулияти таъмини амният ба нерӯҳои Афғонистон дар соли 2014 созиш карданд. Ин бад он маъност, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳадди аққал барои чаҳор соли дигар дар Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт. Барак Обама, ҳамчунин гуфт, ки Амрико аз талошҳои Афғонистон ба манзури оғози музокироти сулҳ бо Толибон ҳамчунон ҳимоят хоҳад кард:

“Мо ҳамчунон аз барномаи сиёсии Афғонистон комилан ҳимоят мекунем, ки дарбаргирандаи мусолиҳа бо он идда аз афроди Толибон аст, ки равобиташонро бо Ал-Қоида қатъ мекунанд, аз хушунат даст мекашанду ба Қонуни асосии Афғонистон эҳтиром мегузоранд."

Ситоиш аз ҳамкориҳои Покистон

Дар арзёбӣ ҳамчунин аз ҳамкориҳои Амрико бо Покистон ситоиш шудааст, ки соли гузашта ду тараф барои аз байн бурдани хатари Ал-Қоида ҳамкорӣ карданд ва Покистон дар амри маҳви паноҳгоҳҳои тундравон ба пешрафт даст ёфтааст.

Дар хулосаи ин гузориш омадааст, ки барои маҳви комили Ал-Қоида, дар паҳлӯи идомаи амалиёт дар Афғонистон, зарур аст, то паноҳгоҳҳои амни ин гурӯҳ дар манотиқи қабоилнишини Покистон аз байн бурда шавад.

Арзёбӣ стратегияи Амрико дар Афғонистон дар поёни соле нашр шуд, ки хунбортарин барои нерӯҳои хориҷӣ будааст. Тайи имсол 700 сарбози НАТО дар ҷанг ба зидди Толибон дар Афғонистон кушта шуданд, ки дасти кам 475 нафари онҳо сарбозони амрикоӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG