Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони ИА дар Брюссел поён ёфт


Имрӯз дар Брюссел нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо (ИА) поён ёфт. Раҳбарон ва нахуствазирони кишварҳои узв асосан сари мушкилоти молиявии бархе аз давлатҳои "минтақаи евро" баҳс карданд. Тасмим гирифта шуд, ба ҳар кишваре, ки мушкилоти молиявияш ба суботи "минтақаи евро" таҳдид мекунад, кӯмаки фаврӣ ироа шавад. Ҳамчунин соли 2013 як ниҳоди доимии пуштибонии молиявӣ таъсис хоҳад шуд, ки бунёди феълии ҳамроҳ бо Сандуқи байнулмилалии пул ташкилшударо иваз хоҳад кард.
Дар ин нишаст Черногория расман номзад ба узвияти ИА эълон шуд. Ван Ромпей, раиси Иттиҳодияи Аврупо, ба хабарнигорон гуфт, "мо тасмим гирифтем, ки ба Черногория мақоми расмии кишвари номзадро эҳто кунем. Ин мутмаинии Иттиҳодияи Аврупо ба он нуктаро таъкид мекунад, ки фардои кишварҳои ғарбии минтақаи Балкан бо Аврупо пайванд дорад".
Айни ҳол санаи шурӯъи музокирот дар бораи вуруди Черногория ба ИА мушаххас нашудааст. Ҳукумати Черногория аз тасмими Брюссел истиқбол кард.
Черногория, ки то шурӯъи низоъҳои Балкан дар ҳайати Югославия ва баъдан як узви Федератсия бо Сербия буд, 650 ҳазор аҳолӣ дорад. Соли 2006 баъд аз раъйпурсии умумихалқӣ Черногория аз ҳайати Федератсия бо Сербия ҳам берун шуд.
XS
SM
MD
LG