Пайвандҳои дастрасӣ

Черногория номзад ба узвияти ИА эълон шуд


Черногория расман номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо (ИА) эълон шуд. Тасмим дар бораи номзадии кишвар имрӯз дар нишасти сарони ИА дар Брюссел эълон шуд. Ва аммо то ҳол санаи шурӯъи музокирот дар бораи вуруди Черногория ба ИА мушаххас нашудааст. Ҳукумати Черногория аз тасмими Брюссел истиқбол кард.
Черногория, ки то шурӯъи низоъҳои Балкан дар ҳайати Югославия ва баъдан як узви Федератсия бо Сербия буд, 650 ҳазор аҳолӣ дорад. Соли 2006 баъд аз раъйпурсии умумихалқӣ Черногория аз ҳайати Федератсия бо Сербия ҳам берун шуд.
XS
SM
MD
LG