Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 20 мусаллаҳ дар водии Тираи Покистон


Тайи ду рӯзи ахир бар асари зарбаҳои мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар шимолу ғарби Покистон беш аз 20 гумонбари узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ ба кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти амниятии Покистон, дар фосилаи чанд соат ин ҳавопаймоҳо ба чанд мавзеъ дар водии Тира, воқеъ дар ағбаи Хайбари наздикиҳои марз бо Афғонистон, мушак андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин минтақа он мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-қоида” панаҳ бурдаанд, ки бар асари амалиёти низомии артиши Покистон аз водии Свот ва Вазиристони ҷанубӣ фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG