Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ларрӣ Кинг бо тамошобинони CNN падруд гуфт


Дар телевизиони CNN охирин барномаи Ларрӣ Кинг пахш шуд. Муҷрии маъруф, ки имсол ба синни 77-солагӣ расид, ба таҳияву нашри барномаи Larry King Live хотима бахшид. Larry King Live беш аз 25 сол яке аз маъруфтарин барномаҳои телевизиони CNN буд ва барои “дарозумрияш” ҳатто ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст.
Дар охирин барномаи Larry King Live чанд тан аз афроди маъруф, аз ҷумла, раисиҷумҳури собиқи Амрико Билл Клинтон ва волии Калифорния Арнолд Шварценеггер меҳмони Кинг буданд.
XS
SM
MD
LG