Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори нави Пхенян ба Сеул


Кореяи Шимолӣ изҳор намуд, ки дар сурати аз сӯи Кореяи Ҷанубӣ баргузор кардани тамринҳои тӯпхонаӣ дар ҷазираи Ёнпхёндо, ҷониби кишвари ҳамсоя оташ мекушояд. Қарор аст, ки ин тамринҳо аз 18 то 21 декабр идома кунанд. Дар изҳороти расмии Пхенян гуфта шудааст, ки посух ба тамринҳо дар Кореяи Ҷанубӣ назар ба тирандозӣ ба ҷазираи Ёнпхёндо дар моҳи гузашта густардатар хоҳад буд. Моҳи ноябр бар асари ҳамлаи тӯпхонаи Кореяи Шимолӣ ба ин ҷазира 4 нафар, аз ҷумла, ду сокини осоишта кушта шуда буданд.
Ин нахустин ҳамлаи Кореяи Шимолӣ ба ҳамсояи ҷанубияш аз замони ҷанг дар нимҷазираи Корея дар солҳои 50-уми қарни гузашта буд.
XS
SM
MD
LG