Пайвандҳои дастрасӣ

Олима Сафарова 30 сол дорад ва дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад. Олима яке аз садҳо зани тоҷик аст, ки муҳоҷирати тӯлонии ҳамсараш ба Русия зиндагии ӯро дарҳаму барҳам ва рӯҳафтодагиву маъюсиро бо ӯ ҳамнишин кардааст.

Издивоҷи ӯ бо шавҳараш, ки аз оилаи камбизоат буд, бар пояи ишқу дилбастагӣ сурат гирифт.

Арӯси чашм ба роҳи шавҳар

Олима мисли занҳои дигар лутфу навозиши ҳамсар, тифлакони хушрӯю фориғбол ва хонаи ободро орзӯ дошт. Аммо бо муҳоҷирати кории шавҳараш ба Русия хонааш сард, тифлаконаш маъюс ва дидори шавҳар ба як орзӯи ҳамешагӣ табдил шуд. Акнун рӯзҳои умри ӯ дар хонаи модаршӯ ба раҳпоӣ ва шумурдани солҳо мегузарад.

Шаҳвари Олима дар ду сол як бор ба дидорбинии зану фарзандаш ба Душанбе меояд. Ӯ дар муҳити серодам аз дидори шавҳар сер нашуда, ки фурсати бозгашти ноновари хона фаро мерасад.

“Баъди 20 рӯзи тӯямон шавҳарам ба муҳоҷират рафт. Дар сарам тоқичаву тури арусӣ буд, ки маро монда рафт ва ман шабҳо бо хушдоманам мехобидам. Ман орзуву ормони арӯсиву навхонадориро тамоман надидаам. 10 моҳ баъди рафтанаш омад, ки маро ба хонаи модарам "талбон" бурданд. Омадам як моҳи дигар бо ҳам будем, ки боз рафт Русия. Дар як сол як бор, дар ду сол як бор меояд, ки сераш намебинам. Баъдҳо худаш гуфт, ки дар он ҷо зану як кӯдак дорад. Аз ман пинҳон намекард, мегуфт, ки зани рус беҳтар аст. На хона бихар мегӯяд на ягон чиз талаб мекунад. Аз занҳои тоҷик сад бор онҳо беҳтаранд мегӯяд».

Олима дар ин ранҷ танҳо нест...

Дурӣ аз шавҳар танҳо боре нест, ки Олима дар дӯш дорад. Дар ҷомеъаи суннатие мисли Тоҷикистон, зани дур аз шавҳар ҳемеша ба истилоҳ дар рӯи теғ кадам мезанад, ки мабодо бо сӯитафоҳуме шавҳару хонаводаи ӯро бадном накунад. Дилшикастагиву асабоният билохира ба сиҳати Олима таъсир гузошт ва акнун шавҳараш дар баробари музди меҳнат, ҳамчунин сари чанд вақт ба ӯ бастаи дору мефиристад.

«Бисёр фикр мекардам, намедонистам диламро ба кӣ кушоям. Хушдоманам бошад мегуфт ту танҳо нестӣ, ҳама занҳо ҳамин хеланд. Чӣ кор кунад ба Русия наравад, дар куҷо кор кунад? Як соли пеш асабҳоям хароб шуданд ва қариб буд бемори руҳӣ шавам. Лаънат ба ҳамин муҳоҷират!»

Созмонҳои муҳоҷират зимни омӯзиши тамюлҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ мегӯянд, зиндагии тӯлонӣ дар кишвари бегона ва дар муҳити фарҳангии бегона, баъзе муҳоҷирони меҳнатиро ба зану фарзанд бегона мекунад. Онҳо дар ибтидо ба оилаҳои худ кӯмаки молӣ мекунанд, баъдан бо таъхир пул мефристанд ва дар ниҳояти амр аз масъулияти нигоҳубини зану фарозанд даст мекашанд. Бархе аз муҳоҷирон дар кишварҳои дигар оила бунёд мекунанд ва ҷойи буду боши худро аз хешу табор пинҳон нигаҳ медоранд.

"Занро пайдо карда мешавад, падару модарро не"

Қаҳрамони дигари қиссаи мо сокини ноҳияи Ваҳдат, Зарина хеле ҷавон аст ва ҳамагӣ 27 сол дорад. Ӯ низ дар хонаи модаршӯ ва падаршӯ ба сар мебарад. Шавҳари Зарина гоҳ- гоҳ аз муҳоҷират пул мефиристад, вале ба падару модар, на ба ҳамсар. Хушдоманаш гоҳ- гоҳ ба ӯ гӯшрас мекунад, “занро пайдо карда мешавад, вале падару модарро не”. Бо ин ҳама Зарина шавҳари худро дӯст меорад ва ҳамеша дуо мекунад, ки худо онҳоро ба ҳам бирасонад.

«Ман ҳам ҷавоонам. Зиндаги хуб, меҳру муҳаббати шавҳарамро мехоҳам. Ин танҳои безорам кардаст. Мехоҳам ақаллан дар ягон ҷо кор кунам, иҷозатам намедиҳанд. Аз гапи мардум метарсам, аз хушдоману хусурам ва ҳеваронам метарсам, ки аз хона берун равам.»

Фарзандон меҳри падарро аз дил буридаанд

Латофат Исмоилова
Оилаи Латофат Исмоиловаи 42 соларо муҳоҷирати шаҳараш хароб кард. Шавҳари Латофат солҳост онҳоро суроғ намекунад ва дар мушкилтарин марҳилаи зиндагӣ, бехонагиву бепулӣ ӯро бо ду фарзандонаш танҳо гузошт.

«Шавҳари ман 13 сол шуд, ки дар муҳоҷират аст. Мегӯяд беморам. Гуфтам беморӣ , пул надорӣ баргард, болои сари фарзандон, худамон табобату нигоҳубинат мекунем, намеояд. На ғами занро мехӯраду на ғами фарзандро. Мо дар хонаи бародарам зиндагӣ дорем. Иҷора менишастем, дигар пули иҷора, ки надоштем бо ду писарам, ки яке 18 ва дигари 13 сола аст, дар як ҳуҷраи хурди бародарам зиндагӣ дорем»

Латофат мегӯяд, фарзандонаш низ дигар меҳри падарро аз дил буриданд ва номи ӯро ба забон намеоранд.

Фарзандони маҳрум аз саробонии падар

Бо писари хурдии Латофат Мубракшоҳ, ки 13 сол дорад, мо дар кӯча рӯ ба рӯ шудем. Шалвору болопуши кӯҳнаву рангпаридааш ба андозаи танаш набуд. Шояд либоси бародарашро пӯшида буд. Попӯши сабуки нимдошташ низ, бозгуйи он буд, ки ин кафшҳо борҳо аз дасти устои мӯзадӯз гузаштаанд. Вақте аз падараш суол кардем, хашмгин шуд ва гуфт, ки падараш як рӯз не як рӯз, пиру барҷомонда ба назди онҳо бармегардад ва онҳо низ аз ӯ рӯ мегардонанд.

«Ман якунимсола будам, падарама ёд надорам. Авалҳо телефон мекард ҳоло дигар намекунад. Ҳоло ягон рӯз биёяд ва ман калон шуда раис шавам нигоҳаш намекунам, чунки мову модарама нигоҳ накард, партофта рафт, мо азоб кашидем»

Раванде, ки дари ҳар хонадонро кӯбидааст


Муҳоҷирати кори аз Тоҷикистон ба хориҷ таърихӣ ду даҳсола дорад ва то дурдасттарин гӯшаҳои кишварро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло насли дуввум, ки дар шурӯъи муҳоҷират 1 сола буд, рӯ ба муҳоҷират овардааст. То ҳол теъдоди дақиқи муҳоҷирони кори мушаххас нест. Омори расмӣ шумори муҳоҷиронро аз 500 то 700 ҳазор номбар мекунад. Омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кориро беш аз миллион нафар шумурдааст.

Ҷамшед Қудусов корманди маркази тадқиқотии масоили иҷтимоии Соссервиз мегӯяд, дар робита ба бозори кор таҳқиқоте анҷом шуда буд. Аммо масъалаи таъсири муҳоҷират ба хонаводаҳои муҳоҷирон аз мадди назарҳо дур монд. Ба гуфтаи Ҷамшед Қудусов, пажуҳиши ин мавзӯъ барои ошкор кардани тамоюлҳои манфиву мусбати муҳоҷирати корӣ муҳим аст.

«Муҳоҷирати рӯ ба афзоиши шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиш назир надорад. Ин ҷумбишест, ки ҳамасола худуди 2 миллионро фаро мегирад”- мегӯяд Саодат Олимова раиси маркази пажуҳишиву тадқиқотии Шарқ ва узви Созмони Мустқили Муҳоҷират дар умури кишварҳои ҳамсуд.

Паёмадҳои манфӣ ва мусбати муҳоҷират

«Ду соли пеш Молдова оид ба афзоиши муҳоҷират дар ҷои аввал меистод ҳоло бошад Тоҷикистон ҷойи онро гирифтааст ва Молдова дар ҷои дуввум аст. Азбаски муҳоҷират ба таври бесобиқа меафзояд, таъсири он низ ба ҷомеъа ва хонаводаҳо мухталифу бисёрҷанба аст.
Таъсири мусбии муҳоҷират дар Тоҷикистон танҳо ҳамин аст, ки аз ин ҳисоб ба будҷаи давлат пур мешавад, 60 дар сади онро дар бар мегирад. Вале таъсири манфии он бештар аст. Бубинед, муҳоҷират барои ҷомеъаи хонаводаҳо танҳо манбаи зинда мондану аз гуруснагӣ намурдан асту халос.
Натиҷаи тадқиқоти маркази мо,ки дар соли 2009 гузарони шуда буд нишон медиҳад, ки 2,7 дар сади хонаводаҳои муҳоҷирон аз гуруснагӣ раҳоӣ ёфтаанд, вале 36 дар сади кӯдакони ин хонаводаҳо азоби камғизоӣ мекашанд ва ё гирифтори бемориии камхунӣ ҳастанд. Агар муҳоҷират намешуд, шояд теъдоди ин кӯдакон боз ҳам бештар буд. Ғами ин хонаводаҳоро ҳукумат бояд бихӯрад. Барномаҳоеро раҳандозӣ кунад, ки ин тамоюл каме ҳам бошад ба низом дароварда шавад. Бозори корро дар дохили кишвар бояд давлат фаъол ва сифатан беҳтар созад. Мушкили дигар ин аст, ки ниҳодҳои масъул вазифаи худро дар ин самт дуруст иҷро намекунанд».


Коршиносон зимни баррасии мавзӯи муҳоҷират, сармояи сарнавиштсози муҳоҷирон ба буҷаи кишвар, забономузӣ, рушди тафаккур ва касби ҳунарҳои навро аз ҷанбаҳои мусбати муҳоҷирати корӣ унвон кардаанд.

Ҷомеъашиносон низ суботи иҷтимоӣ дар кишварро аз баракати сармояи муҳоҷирони корӣ медонанд.

Аммо дар пасманзари ниёзмандии ҷомеъа ба пули муҳоҷирон ин нукта, ки сармояи муҳоҷири корӣ ба қиммати аз ҳамрехтани оилаҳо, бепарастор мондани бачаҳо ва фишори доимӣ ба наздикони онҳо ба даст меояд, як масъалаи камрангу беаҳамият ва аз баҳсҳо хориҷ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG